Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Муҳоҷирон: Моро аз ягона роҳи иртибот бо пайвандон маҳрум насозед! - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Муҳоҷирон: Моро аз ягона роҳи иртибот бо пайвандон маҳрум насозед!

Asia - Plus

Гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордоштаро дар муқобили интихоби мушкиле қарор додааст: Қатъи робита бо пайвандон ё харҷи барзиёд барои харидории Интернет.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки Интернет ягона василаи иртибот бо пайвандонашон буд ва аз ин ба баъд онҳо маҷбуранд, ки ё иртиботро қатъ намоянд ё кам кунанд. Чун на ҳамаи сокинони кишвар имкони харидории Интернет бо нархномаи навро надоранд.

– Мо бо истифода аз Интернет бо пайвандони худ тариқи видео суҳбат менамудем, бо фарзандон дарс тайёр мекардем, онҳоро зери назорат мегирифтем. Акнун, ки нархро гарон карданд, иртиботи мо кам мегардад ва ин ба тарбияи онҳо таъсири хубе надорад,- мегӯяд яке аз муҳоҷирон.

Ҳарчанд ширкатҳои мобили аллакай тарифҳои нави худро эълон кардаву ба иҷрои қарори гароншавии Интернет пардохтаанд, муҳоҷирон боз ҳам умед доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти кишвар ин қарорро бозбинӣ мекунад ва онҳоро аз дидори пайвандонашон маҳрум намесозад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдовар мешавем, ки баҳси гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон моҳи гузашта ба миён омад. Он замон мақомоти тоҷик сабаби аслии болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистонро “ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар” ва “ҷилавгирӣ аз содиршавии ҷинояткорӣ” маънидод намуда буданд.

Бо расонаӣ шудани қарори мазкур, чанде аз созмонҳои  ғайриҳукуматӣ ва ширкатҳои мобилии интернетрасон якҷо бо мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ба музокирот пардохтанд ва натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳо ин шуд, ки қарори содиршуда ҳеҷ тағйир накард.

Ҳамакнун, бо боло рафтани нархи Интернет коршиносони соҳаи алоқаи барқӣ мегӯянд, ки ин иқдом воқеан норозигии мардумро ба бор оварда, ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.