Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳамкории Аввалин Бонки Молиявии Хурд бо WFP дар самти интиқоли пули нақд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳамкории Аввалин Бонки Молиявии Хурд бо WFP дар самти интиқоли пули нақд

30
30

Аввалин Бонки Молиявии Хурд бо Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ барои мусоидат дар самти интиқоли пули нақд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Роҳандозии ҳамкориҳо байни “Аввалин Бонки молиявии хурд” ва бонкҳои Ӯзбекистон

Аввалин Бонки Молиявии Хурд (АБМХ) ҳамчун хизматрасони молиявӣ барои дастгирии системаи интиқоли бехатар ва арзон, ки барои интиқоли пули нақд ба истифодабарандагони Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ (БҶО, WFP), ки эҳтиёҷоти озуқавории фаврии онҳоро конеъ мегардонад, интихоб гардид.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ дар ҳамоҳангӣ ва шарикӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, дастгирии хонаводаҳои осебпазири Тоҷикистон дар доираи Барномаи Кумаки Молиявӣ (БКМ) тавассути интиқоли пули нақд идома дода истодааст. Ҳамчун як қисми ин ташаббус, истифодабарандагони барнома саривақт маблағро барои ниёзҳои озуқавории худ хоҳанд гирифт ва дар баробари ин даромадашонро зиёд менамоянд. Истифодабарандагон ин маблағро, аз ҷумла барои барқарор кардани канали обёрикунӣ, коҳиш додани хатарҳо ва таъсири онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии озуқаворӣ ва устувории офатҳои табиӣ, сарф хоҳанд намуд. Барномаи Кумаки Молиявӣ дар 16 ҷамоати ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ, амалӣ карда мешавад.

Аввалин Бонки Молиявии Хурд ва Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ тасмим гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ дастгирии Ҳадафҳои Рушди Устуворро ба роҳ монда барои аз байн бурдани сабабҳои асосии норасоии ғизо ва баланд бардоштани устуворӣ мусоидат намоянд. Истифодабарандагони Барномаи Кумаки Молиявӣ ба маҳсулоти молиявӣ ва хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо мекунанд, ки аз ҷониби бонк пешниҳод карда мешаванд ва ҳамчунин омӯзиши дониши молиявиро мегузаранд.

Дар маросими баимзорасонии шартнома миёни ду шарик, Намоянда ва Директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ БҶО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алберто Коррея Мендес чунин қайд намуд: "Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ интиқоли маблағро ба барномаҳои худ ворид карда маҷмӯи васеи воситаҳои мубориза бо гуруснагӣ ва рушдро пешниҳод менамояд. Беҳтар аст, ки бахши хусусӣ ва бахши гуманитарӣ якҷоя бо мақсади дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ кор кунад."

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Хизматгузории шабонарӯзии интиқоли пул ва ивази асъор дар Аввалин бонки молиявии хурд

Пас аз имзои созишнома Раиси Аввалин Бонки Молиявии Хурд қайд намуд: "Бонк аз ҳамкорӣ бо Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ дар татбиқи ин ташаббус хушҳол аст. Аввалин Бонки Молиявии Хурд – бонки тиҷоратӣ, ки ҳадафи иҷтимоиро ба пеш бурда истодааст ва барои баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ фаъолият дорад. Дар ҳамкорӣ бо барномаи БҶО “Кумаки Молиявӣ” бонк ба мизоҷони баъзе минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон хизмат хоҳад расонд.”

Аз номи созмонҳои дахлдор Ентен Лама, Раиси Аввалин Бонки Молиявии Хурд ва Алберто Коррея Мендез, Намоянда ва Директори Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаро ба имзо расонданд. Ҳамчунин, роҳбарони баландмақоми Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ ва Авввалин Бонки Молиявии Хурд дар маросим ширкат доштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Эзоҳ:

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ (БҶО) ташкилоти бузургтарини ҷаҳонии башардӯстона мебошад, ки бар зидди гуруснагӣ дар ҷаҳон мубориза мебарад. Дар маҷмӯъ, БҶО зиёда аз 80 миллион одамро бо кӯмаки ғизоӣ дар 75 кишвар фаро мегирад. Дар соли 1961 аз идораи марказии Рим, Дафтари минтақавӣ ва идораҳои он дар зиёда аз 80 мамлакати ҷаҳон таъсис дода шудааст, БҶО ӯҳдадор аст, ки ҷаҳон ҳамеша ба ғизои зарурӣ барои зиндагии фаъол ва солим дастрасӣ дошта бошад.

Аввалин Бонки Молиявии Хурд (АБМХ) бонки тиҷоратиест, ки бо фаъолияти микромолиявӣ дар кишвар машғул аст. Бонк хизматрасониҳои васеи молиявиро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар таъмин менамояд. Бонк дастгирии рушди иқтисодиёт ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тавассути таъмини дастрасӣ ба қарзҳо, пасандозҳо ва интиқолҳои пулӣ барои аҳолии мақсаднокро таъмин менамояд. Илова ба идораҳои марказӣ ва филиалҳо дар Душанбе, бонк инчунин дар Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ғарм ва Хуҷанд ҷойгир аст. Шабакаи васеъи 32 марказҳои бонкӣ, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳот фаъолият мекунанд, филиалҳоро дастгирӣ менамояд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...