Президент Владимир Путин қонуни ҷудо сохтани интернети Русияро аз шабакаи ҷаҳонӣ имзо кард. Матни қонун дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуда, он аз 1 ноябри соли равон ба иҷро медарояд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қонуни мазкур фароҳам кардани имкони техникии ҷудосозии бахши русии Рунетро аз интернети ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Иҷрои онро Роскомнадзор назорат ва тартиби насбу интиқоли таҷҳизотҳои лозимиро ҳукумати Русия тасдиқ хоҳад кард.
Муаллифони лоиҳаи қонун раиси кумитаи Шӯрои федеролӣ дар умури қонунҳои конститутсионӣ Андрей Клишас, муовини аввали ӯ Людмила Бокова ва вакили порлумони Русия Андрей Луговой – мегӯянд, қонун бо назардошти "хусусияти таҷовузкоронаи Стратегияи амнияти миллии киберии ИМА аз моҳи сентябри соли 2018" омода шудааст.
Мунаққидони қонун нигаронанд, ки шабакаи алоҳида имкониятро барои сензураи сартосарӣ дар интернет фароҳам мекунад.
Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Путин даъват карданд, ки қонунро имзо накунад. "Гузоришгарони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки қонуни мазкур хилофи Конвенсияи ҳуқуқи инсони Аврупо ва аҳдномаи СММ дар бораи ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ аст.
Муаллифони лоиҳа аз аввал гуфтанд, ки барои иҷрои он аз буҷа маблағи иловагӣ сарф нахоҳад шуд, вале дертар Андрей Клишас гуфт, ки он 20 миллиард рубл харҷ хоҳад дошт.