Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ӯсма - воситаи дӯстдоштаи бибиҳои мо чӣ нафъҳо дорад? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ӯсма – воситаи дӯстдоштаи бибиҳои мо чӣ нафъҳо дорад?

Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон мавсими ӯсмакашӣ – воситаи табиии ороишот ҷараён дорад, ки замони гузашта ҳар кадоме аз тоҷикзанон аз он истифода мекарданд. Мисли пешин ҳозир он чандон маъмул нест.

Мо ба коршинос муроҷиат намуда, хусусиятҳои хеле зиёди муфиди ӯсмаро муайян кардем.

“Бибиҳои мо беҳуда намегуфтанд, ки ӯсма ба афзоиши хуби мӯйи сар мусоидат намуда, абрӯвону мижгонро зичтару зеботар мегардонад. Дарвоқеъ ҳам чунин аст. Ӯсма аз таркибҳои гуногуни муфид, ҳамчунин витаминҳои В1, В2 и В6 иборат буда, ба сифати равғани мушхор ва беданҷир (канадона) низ истифода шуда метавонад”, – мегӯяд Собирҷон Юсуфӣ, корманди Маркази тибби мардумӣ.

Ӯсмакашӣ як қисми ороиши суннатӣ буда, то ҳанӯз чун мероси ниёгон дар миёни занону модарони тоҷик боқӣ мондааст. Дар мавриди мунтазам кашидани ӯсма абрӯвон ранги сиёҳи ғализ гирифта, ҳусну ҷамоли бонувон даҳчанд афзун мешавад.

Бо хусусиятҳои дигари муфиди ӯсма дар навори навбатии мо маълумот дода мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.