Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурати афзоиши шумори занон байни кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар ишора намуд.
Зимни вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои андозу молия, гумрук ва соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат қайд кард, ки чандин маротиба дар ин хусус изҳори назар карда, вале то ҳол шумори кормандони мард дар бонкҳо зиёд боқӣ мемонад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бисёр вақт дар филиалҳои минтақавии бонкҳо бо ҷавонони бӯзбала”-и дучор мешавад, ки ба сифати хазинадор (кассир) кор мекунанд.
Президенти мамлакат бар ин назар аст, ки ҷойи кори чунин ҷавонони солим бояд дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бошад, на бонкҳо.
Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, аксари ҳодисаҳои азхудкунии воситаҳои бонкӣ дар минтақаҳо бар асари маслиҳати роҳбарони филиалҳо бо муҳосибону хазинадорон, ки асосан мардон мебошанд, сурат мегирад.
Сарвари давлат мутмаин аст, ки дар вазифаҳои бонкие чун хазинадору муҳосиб ва ғайра бояд бонувон кор кунанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба президент иттилоъ дод, ки айни замон 31%-и кормандони Бонки миллиро занон ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи раиси БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, ҳиссаи занон дар ҳайати шахсиии ин бонк ба 45% баробар аст.
Президент ин шуморро кам арзёбӣ намуда, афзоиши ҳиссаи бонувонро дар ҳайати шахсии сохтори бонкии ҷумҳурӣ зарур донист.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.