Сухангӯи Идораи мусалмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев баҳси сафири Туркия дар Бишкек Комил Фуротро бо муфтии ин кишвар дар як ифтор шарҳ дод.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад. Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар ифтори мазкур норозигӣ баён кардааст.
Гуфта мешавад, дипломати турк муфтии Қирғизистон Мақсадбек Тоқтомушевро сарзаниш карда, гуфтааст, "ё Туркия ё созмони террористиро интихоб кунед". Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Туркия бо 35 млн доллар дар Қирғизистон масҷид сохт.
"Ҳангоми даъват ба ифтор одамонро аз ҳам ҷудо намекунанд. Ҳама даъват шуда буданд. Як нофаҳмӣ сар зад, вале ҳоло ҳамааш хуб аст", – изҳор дошт Отабоев.
Зикр мегардад, ки ин ҳодиса 8 май рух дода, талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин замина бенатиҷа буданд.
Мактабҳои "Сапат" соли 1992 фаъолиятро дар Қирғизистон бо номи "Себат" оғоз карданд. Бунёдгузори онҳо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия айбдор мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.