Дар Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 18 май чорабинии навбатии “Шабе дар осорхона” доир гардид: шаҳрвандон ба ҳама осорхонаҳо бепул ворид шуда метавонистанд. Аксия аз соати 18:00 то 22:00 давом кард. Тибқи анъанаи маъмулӣ, чорабинии асосӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.
“Шабе дар осорхона” чорабинии байнулмилалиест, ки ҳамасола санаи 18 май ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо гузаронида мешавад. Бори нахуст соли 1997 дар Берлин барпо шуда буд.
Дар ин шаб дари аксари осорхонаҳои ҷаҳон қариб то субҳ барои тамошобинон боз аст. Ҳадафи аслии чорабинӣ шиносоӣ бо имконоти осорхонаҳо ва нигораҳои он, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба донистани таърихи халқу кишвар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.