Ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонон дар майдони “800-солагии Маскав”-и шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” раҳпаймоӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ беш аз 6 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Суратгузоришро аз ҷараёни баргузории ин иқдом манзуратон мегардонем.
Қобили зикр аст, ки бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 23 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар табрикоти имрӯзаи худ ба ҷавонони кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро “сипари боэътимоди давлат ва “нерӯи созандаи Ватан” номид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.