Ошӯбгарони муассисаи ислоҳии №3/2 дар Ваҳдат се корманди муассисаро куштанд. Миёни онҳо майори 36-сола Абдуҷаббор Ҳалимов низ ҳузур дошт, ки ҳамсару се фарзанд дошт. Акнун оилаи ӯ кумак мепурсад.
Оила дар манзиле рӯ ба рӯи зиндон зиндагӣ мекунад. Онҳо панҷ сол пеш аз Душанбе, ки Ҳалимов дар он ҷо дар як қисми ҳарбӣ хизмат мекард, ба ин ҷо кӯчидаанд.
Дар Душанбе барои хонаи иҷора пулашон намерасид ва онро дар Ваҳдат бо нархи 400 сомонӣ дар як моҳ гирифтаанд. Баъдан хизматчии ҳарбиро ба кори наздиктар ба хонааш – муассисаи ислоҳии Ваҳдат гузаронидаанд.
Айни замон, ба қавли Сайёра, касе аз ҳолу аҳволи оила хабар намегирад. Ӯ намедонад, ки минбаъд бе саробони хона чӣ тавр зиндагӣ мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.