spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гулнора Каримова аз президенти Ӯзбекистон авф дархост кард

Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки дар зиндон адои ҷазо мекунад, аз президенти кунунии Ӯзбекистон дархости авф кард. Вай аз вазъи бади сиҳатиаш шикоят карда, ваъда додааст, ки даъвои $686 миллионеро нахоҳад кард, ки дар хориҷ нигаҳ медорад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, муроҷиати Каримоваро духтараш Имон Каримова дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Каримова ҳамзамон хабар додааст, ки дороии ӯро мусодира кардаанд. "Ман мехоҳам эълом кунам, то кунун дороии шахсии ман, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон буд, аз ман гирифта шуда ва барои буҷаи кишвар даромад меоранд", – навиштааст вай.

Вай навиштааст, ки дар бонкҳои хориҷӣ маблағи дигар дорад, аммо даъвои соҳиб шудани онро нахоҳад кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Муроҷиати духтари Гулнора Каримова ба Прокуратураи генералии Ӯзбекистон

"Дар ҳоли ҳозир маро вазъи сиҳатиам нигарон кардааст. Ман бояд ду ҷарроҳӣ гирам, ба ҳамин хотир ба президент муроҷиат мекунам", – шарҳ додааст вай.

Гуфта мешавад, пештар аз ин вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова Грегуар Манжа хабар дода буд, ки вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояи вай бад аст ва ба кумаки тиббӣ ниёз дорад.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор карда буд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...