Дар Қасри миллат рӯзи 11 июл бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
“Як гуруҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд”, – оадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.
Зикр мегардад, ки меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зарурӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷҷаҳаз мебошанд.
Тибқи маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.