Дар Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе минтақаи дастрасии озод ба интернети ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ба кор шурӯъ намуд.
Кӯли ҷавонон сеюмин боғи пойтахт мебошад, ки Мегафон Тоҷикистон дар онҳо минтақаи Wi-Fi барои дастрасии бепули мобилиро ба ҳама гуна захираҳои интернетӣ роҳандозӣ намуд. Қаблан ин иқдом дар дигар боғҳои писандидаи душанбегиҳо – ба номи Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш амалӣ шуда, роҳандозии чунин низом боз дар ду боғи дигар пешбинӣ шудааст.
“Тобистон ба нақшаҳои мо тағйирот ворид мекунад. Рӯзҳои гарми моҳи июл хеле зиёд сокинону меҳмонони Душанбе лаби кӯлро макони истироҳату дамгирӣ интихоб мекунанд ва мо тасмим гирифтем, ки маҳз дар ҳамин ҷо минтақаи нави Wi-Fi-ро роҳандозӣ намоем. Акнун вақтро дар боғ метавон бароҳату муфид гузаронид, масалан санҷидани почтаи корӣ тариқи смартфон ё тамошои филм тавассути замимаи “Арбуз ТВ”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии “Мегафон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ Парвиз ДАВЛАТОВ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.