Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков субҳи имрӯз бо сокинони минтақаҳои назди сарҳадӣ вохӯрданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар ин вохӯрӣ аз ду деҳоти наздисарҳадӣ – Ворух ва Оқ-сой 15-нафарӣ намояндагони аҳли ҷомеа иштирок карда, назди сарони кишварҳо изҳори назар карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” сокинони маҳаллӣ.
“Аз ҷониби сокинони Ворух Фарҳод Холхӯҷаев ва Фарзод Пӯлодов суханронӣ намуда, ба сарони кишварҳо барои ташриф миннатдорӣ изҳор намуданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ шуд, ки масоили сарҳадӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуда, муноқишаҳо хотима меёбанд. Зимни суханронӣ онҳо дар бораи оинҳои неки ҳамсоядорӣ, зиндагии аҳлонаву дӯстона ҳарф заданд”, – хабар дод манбаъ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.