Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхони таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои Осорхона аз ду ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст. Айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти Восеъ ва маснуоти миссӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд. Ҳамчунин пайкари ин Қаҳрамони халқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.