Дар Япония тӯли як ҳафта – аз 29 июл то 4 август аз гармии беҳад зиёд 57 нафар ҳалок ва 18 ҳазору 347 тани дигар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд, хабар медиҳад Kyodo News бо истинод ба Агентии ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати ин кишвар.
Бино ба маълумоти Интерфакс, давоми ҳафта бар асари гармо дар Токио – 1 ҳазору 857 нафар, музофоти Айти ва Сайтаме – мутаносибан 1 ҳазору 342 ва 1 ҳазору 307 нафарро лозим омадааст, ки дар бемористон бистарӣ кунанд. Аксари онҳо – 54,3% шахсони синни аз 65-сола боло будаанд.
Ҳафтаи зикршуда дар тамоми қаламрави Япония гармии шадид ҳукмрон шуда, дар чанде аз минтақаҳои кишвар ҳарорат то 39 дараҷа гарм шудааст.
Гуфта мешавад, субҳи рӯзи 6 август дар шаҳри Токио ва канораҳои он интиқоли нерӯи барқ дар чанде аз хатҳои роҳи оҳан қатъ шудааст.
Дар яке аз ин қатораҳое, ки интиқоли барқ ба он қатъ шудааст, вазъи солимии 25 нафар мусофирон бад шуда, 9 нафари онҳоро лозим шудааст, ки ба бемористон баранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.