Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти мамлакат ҳамчунин аз боғи интенсивии дарахтони себ боздид намуд. Боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва саҳми шарикони рушд бо технология ва усулҳои италиявию испанӣ дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст.
Афзалияти аз ҳама муҳими ин боғ аз боғҳои анъанавӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он аллакай дар соли якуми сабзиш қисман ба ҳосил омада, дар соли дуюм ба таври назаррас ҳосилдеҳ мешаванд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ва ҷараёни нашъунамои картошка шинос шуд. Масоҳати заминҳои корам дар хоҷагии деҳқонии «Роғ»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба 124,2 гектар баробар буда, аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.