Дар Арабистони Саудӣ тағйирот ба қонунгузорӣ доир ба васеъ шудани ҳуқуқҳои занон мавриди амал қарор гирифт, хабар медиҳад Saudi Gazette.
Аз ҷумла, акнун онҳо метавонанд мустақилона шиноснома гиранд, ба сайру саёҳат раванд, таваллуди фарзандро бидуни гирифтани иҷозаи марди сарпараст ба қайд гузоранд ва ҳамчунин ноболиғонро таҳти сарпарастӣ гирифта, дар муассисаҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои оилавиро дастрас намоянд. Тайғироти дахлдор аввали моҳи август қабул шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки дар Арабистони Саудӣ то ҳол барои занон маҳдудиятҳои сершумор ҷой доранд. Бо вуҷуди ин, ахиран вазъ дар ин самт тадриҷан тағйир меёбад: соли 2017 ба занон иҷоза доданд, ки шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта, мустақилона автомашина ронанд. Баъдтар ба роҳнамои сайёҳон шудан ва боздид аз бозиҳои футбол низ барои занони ин кишвар иҷоза шуд.
Гуфта мешавад, тавсеаи ҳуқуқҳои занон дар Арабистони Саудӣ қисмате аз ислоҳоти бештар васеътар аст, ки ҳукуматдорон дар пайи камшавии даромад дар робита ба арзоншавии нафт онро мавриди амал қарор доданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.