Ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ба лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2020 барои баргузор намудани маъракаҳои пешбинишудаи интихоботи вакилони парлумон дар моҳи март ва интихоботи президентӣ нимаи тирамоҳ 80 млн. сомонӣ ҷудо карда шавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон.
Қисмате аз ин воситаҳо, ба иттилои манбаъ, ҳамчунин барои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли оянда харҷ мешаванд.
Дар назар аст, ки аввали моҳи декабри соли ҷорӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи баргузории маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумонро таъин мекунад. Дар як вақт бо ин маърака интихобот ба мақомоти маҳаллии худидоракунӣ низ баргузор мешавад.
Санаи маъракаи навбатии интихоботи президенти Тоҷикистон охири тобистони соли 2020 дар чаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар эълон мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.