Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти аквапарки “Кӯли Душанбе” расман ҳусни оғоз бахшиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳудуди аквапарк 17 гектарро ташкил дода, марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хизмат расонад.
Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидааст. Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хосса сохта шудааст.
Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.