Шарти асосии озмун дарёфти қаҳрамонҳое мебошад, ки барои наврасону ҷавонон намунаи ибратанд ва барои рушди кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Муаллифони маводи беҳтарин ба осоишгоҳи «Артек» роҳхат мегиранд.
Дар робита ба ин мавзӯъ мо имрӯз дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз наврасону ҷавонон пурсон шудем: “Барои Шумо кӣ дар зиндагӣ намунаи ибрат аст?”
Аксари ҷавонон намехоҳанд пайрави дигарон бошанд, балки мехоҳанд худро бисозанд, то дигарон аз онҳо пайравӣ кунанд. Бархе аз ҷавонон адиби шинохтаи тоҷик Сотим Улуғзода, собиқ раисҷумҳури ИМА Барак Обама, варзишгари доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва дигар шахсиятҳоро барои худ намунаи ибрат медонанд.