Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон зане тифли навзоди худро аз тиреази ошёнаи дуюми таваллудхона ба берун партофтааст. Тифл ба зан барои он писанд наомадааст, ки бо пойҳои каҷ ба дунё омадааст. Сипас барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ӯ тифли навзоди зани дигарро низ ба берун мепартояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ин ҳодиса соати 3:30 дақиқаи рӯзи 9 сентябр рух додааст. Пас аз гузашти як соат тифлонро дарёфта ба шуъбаи эҳёгарӣ фиристодаанд, лекин ба табибон муяссар нагардидааст, ки онҳоро наҷот диҳанд.
Гуфта мешавад, ҳарду тифли навзоди духтарча дар як рӯз, як ҳафта пеш аз ин фоҷеа ба дунё омада, ҳамроҳи модаронашон дар як палата бистарӣ будаанд.
Мақомоти прокуратураи ноҳия нисбати зан бо моддаи “одамкушии барқасдона” ва нисбати шахсони масъули таваллудхона бо моддаи “ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадориҳои касбӣ” парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст.
Дар сурати исботи гуноҳ зан ба сифати маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ё ҳукми ҳабси абад ва кормандони таваллудхона то 8 соли зиндон ҷазо гирифта метавонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.