Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20-уми сентябр иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мешавад.
Дар ин бора рӯзи 11-уми сентябр қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.
Дар иҷлосия масъалаи вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019 баррасӣ мешавад.
Ғайр аз ин, ҳисобот оид ба омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 низ шунида хоҳад шуд.
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт рӯзи 18-уми сентябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилон таклифҳои мушаххасро пешниҳод мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.