Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ рӯзи 14 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ доир гардид.
Дар мусобиқа 49 аспи аз 2 то 4-сола аз саросари кишвар иштирок доштанд. Мусобиқа ҳамагӣ дар 8 пойга сурат гирифт. Се ғолиби аввали ҳамаи пойгаҳо ба маблағи аз 1500 то 2500 сомонӣ бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ шуданд.
Барои баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ аз буҷети шаҳр қариб 52 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.