Коммерсбонки Тоҷикистон бо Сбербанк дар бораи ҳамкорӣ созишнома ба имзо расонид. Дар доираи ин созишнома хизматгузории интиқоли фаврӣ (лаҳзавӣ) аз замимаи мобилии «Сбербанк Онлайн» аз ҳисоби замимаи мобилии (бонкинги) “Фаврӣ” аз Коммерсбонк Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Хизматгузорӣ дар бахши “Интиқоли маблағ ба хориҷа”-и замимаи «Сбербанк Онлайн» дастрас хоҳад буд. Зимни гузаронидан ба ҳисоби замимаи мобилии “Фаврӣ” маблағи интиқол ба асъори миллӣ табдил меёбад.
Игор Мамонтов, ноиби президенти Сбербанк”, директори дивизиони “Пардохт ва интиқолҳо”:
“Мо ба рушди ҳамкорӣ бо шарикони хориҷиамон идома медиҳем. Хушнудем, ки хизматрасонии нави интиқол бо рақами телефонро аз Тоҷикистон пешниҳод кунем, ки ба боз ҳам интиқоли бароҳату зудтари пулҳо ва бухусус бо шароитҳои шаффоф аз рӯи комиссия имкон медиҳад”.
Эраҷ Раҷабов, муовини аввали раиси Раёсати Коммерсбонк Тоҷикистон:
“Мо барои ҳамватанонамон, ки барои пулкоркунӣ ба Русия мераванд, ҷараёни интиқоли пулро ба оилаву хешовандонашон ба Тоҷикистон осон карданием. Бонки мо интиқолҳоро тариқи рақами телефон дар қаламрави кишварамон аллакай амалӣ карда, албатта, аз амалисозии низоми ба ин монанд барои интиқол аз Русия бо Сбербанк, аз ҷумла, дар бозори молиявии чакана, хурсандем”.
Бино ба маълумоти тадқиқотӣ, ба санаи 1 майи соли 2019 шумори тоҷикистониён дар Русия то ба 1 млн. 255 ҳазор нафар расидааст.
Корбарони замимаи мобилии “Фаврӣ” воситаҳои пулиро аллакай бо рақами телефон дар қаламрави ҷумҳурӣ интиқол дода метавонанд. Акнун зимни амалисозии лоиҳа бо Сбербанк ба ҳамин тарз аз Русия низ маблағ мегиранд, ки ҷараёни дастрас кардани пули интиқолшударо бамаротиб осонтар мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.