Дар шаби аввали даъвати тирамоҳӣ ба артиши Тоҷикистон хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди истгоҳи Сирки пойтахт мавриди амалиёти “облава” қарор гирифт.
Шаби 1-уми октябр, тақрибан соати 22:00 ашхоси ношинос бо либоси мулкӣ ӯро ба “микроавтобуси хатсайри 33” савор карда, ҳамроҳи дигар ҷавонони гирифтори “облава” ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бурданд. Хабарнигори Asia-Plus тавонист аз дохили ин мусофиркаши хурди “Mercedes-Benz Spriter” пахши мустақими видеоиро дар Facebook роҳандозӣ кунад.
Зимни гирифторӣ ба “облава” чӣ гуна бояд рафтор кард? Дар навори зер Абдуллоҳ Ғурбатӣ андешаю тавсияҳои худро иброз медорад.
“Ба онҳо гуфтам, ки айни ҳол бо худ ҳуҷҷати донишҷӯйӣ надорам ва маълумотномаи рӯзноманигориамро нишон додам. Аммо гуфтанд, ки ин ба дард намехӯрад ва бе ҳуҷҷати донишҷӯйӣ озод намешавӣ. Ягона фикре, ки ба сарам омад, оғози пахши мустақим аз дохили микроавтобус дар шабакаи иҷтимоии Facebook буд ва маҳз ҳамин видео сабаб шуд, ки маро ба утоқи алоҳида бурданд”, – мегӯяд Абдуллоҳ.
Кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе танҳо баъди поксозии ин видео аз саҳифаи шахсии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Facebook ӯро озод карданд. Аммо то он замон корбарони шабакаи иҷтимоӣ ин видеоро аллакай боргирӣ ва дар торнамою сафаҳоти гуногун бознашр карданд.
Ба гуфтаи Абдуллоҳ, бо озод шудани ӯ набояд ин қазия ба ҳошия равад: “Ин мавзӯъ ҳатман бояд баррасӣ шавад ва хусусияти оммавӣ пайдо кунад, то мақомот аз шеваи “облава” дигар кор нагирад, чун воқеан, ин таҳқир аст. Як нафарро аз кӯча бидуни огоҳӣ ва хоҳиши худаш мебаранд ва як муддат дар боздошт нигоҳ медоранд”.
Мақомот аз шарҳи боздошти Абдуллоҳ Ғурбатӣ худдорӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба Asia-Plus гуфтанд, ки ҳеҷ гуна амалиёти “облава” дар шаҳри Душанбе бурда намешавад ва онҳо аз ин қазия огаҳӣ надоранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.