Масҷиди нави ҷомеъ дар Душанбе барои кушодашавӣ омода буда, маросими расмии оғози фаъолияти он рӯзҳои наздик баргузор мегардад. Айни замон дар ин ҷо корҳои омодагӣ ба маросими ифтитоҳ ҷараён доранд.
Дар ин масҷид наздики 120 ҳазор нафар тоату ибодат карда метавонанд. Иншоотро ҳазорон бинокор муддати 10 сол бунёд карданд.
Масҷид дорои 4 манораи 75-метра, гунбази асосии 47-метра ва 20 манораи хурд мебошад. Маблағи лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, беш аз нисфи онро Қатар ҷудо кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.