spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Зиндон ба ҷойи ҷарима. Сахттар шудани ҷазо барои шиканҷа

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро маъқул шуморид, ки сангинтар кардани чораи қонунгузорӣ барои истифодаи шиканҷаро пешбинӣ месозад.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустами Шоҳмурод дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон қайд кард, ки тағйироти мазкур бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ворид мешавад.

“Мувофиқи тағйирот, ҷазо барои шиканҷа ба сифати ҷарима (аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб), ки дар Кодекси ҷиноятии амалкунанда вуҷуд дорад, бекор шуда, ба ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол иваз мешавад”, – гуфт вазир.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон муҷозотро барои шиканҷа сангинтар карданист

Ба гуфтаи ӯ, акнун муҳлати маҳрумият аз озодӣ барои такроран истифода шудани шиканҷа ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё нисбати занони айбдоршаванда дар ҳолати ҳомиладорӣ, ё шахси ноболиғ, ё маъюб бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ аз 5 то 8 солро ташкил медиҳад.

“Агар шиканҷа бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошад, ё бар асари он чабрдида ҳалок шавад, ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардад, барои ин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст”, – хабар дод Рустами Шоҳмурод.

Маҳкумшудагон ба шиканҷа ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 15 сол (вобаста ба сатҳи вазнинии ҷинояти содиршуда) маҳрум карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...