Ҳусейни Фаридун, бародари хурдии раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чоршанбе барои ришваситонӣ равонаи зиндон шуд.
Дипломати собиқ Фаридун ба порагирӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд. Дар ин бора iran.ru бо истинод ба Tasnim News хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Ғулом Ҳусейн Муҳсин, муовини раис ва намояндаи расмии низоми додгоҳии Эрон, Фаридун нахуст ба 7 соли зиндон маҳкум шуда, сипас ҳукми ӯ ба 5 сол иваз гардид.
Ба ӯ ҳамчунин пардохти ҷаримаи бузург ва беш аз 310 млрд. риёл барои ришваситонӣ таъин шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.