Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими тантанавии истиқболи Сомон Маҳмадбеков баргузор шуд, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.
Роҳбарони Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгарон, намояндагони ВАО ва сокинони шаҳр ба пешвози қаҳрамони ҷаҳон омаданд.
Ёдовар мешавем, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дарёфти медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон ба Сомон Маҳмадбеков 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.
Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 17-20 октябр дар Марокаш доир гардид, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 73 кило ӯ рӯзи 17-уми октябр бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.
Пас аз ин пирӯзӣ ӯ дар вазни то 73 кг дар садри рейтинги ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз зинаи 58-ум якбора ба зинаи аввал баромад: шумори имтиёзҳои бадастовардаи Сомон Маҳмадбеков ба 559 расида, аз варзишгари Молдова Виктор Стерпу (зинаи дуюм) 8 имтиёз бештар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.