Варзишгари ҷавонро дар Тоҷикистон чӣ гуна пешвоз гирифтанд ва ӯ ба рӯзноманигорон чӣ гуфт?
Қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбековро имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт ҳазорон мухлис, наздикону пайвандон, роҳбарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгарон ва намояндагони ВАО истиқбол гирифтанд.
“Ростӣ, пас аз мусобиқаи Токио дар байни калонсолон ду-се шаб хобам намебурд, зеро дар он ҷо медали биринҷиро ба даст оварда метавонистам. Хеле аз худ нороҳат будам, – гуфт варзишгар. – Алҳамдулиллоҳ, ин дафъа дар байни ҷавонони то 21-сола медали тиллоро соҳиб шудам”.
Ёдрас мекунем, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дарёфти медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон ба Сомон Маҳмадбеков 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.
Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 17-20 октябр дар Марокаш доир гардид, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд. Рӯзи 17-уми октябр дар қувваозмоии финалии вазни то 73 кило бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.
Пас аз ин пирӯзӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг дар садри рейтинги ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз зинаи 58-ум якбора ба зинаи аввал баромад: шумори имтиёзҳои бадастовардаи ӯ ба 559 расид, ки аз варзишгари Молдова Виктор Стерпу (зинаи дуюм) 8 имтиёз бештар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.