Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон театри миллӣ, биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистону мактабу донишгоҳ, маркази савдо ва ошхонаҳо, инчунин майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд.
Дар зер суратгузориши хабарнигори мардумии “Азия-Плюс”:
Бунёди театри миллӣ дар майдони 0,54 га бо харҷи 30 миллион сомонӣ дар маркази вилоят аз соли 2016 идома дорад. То ин замон корҳои хобондани таҳкурсӣ ва тахтасанги яклухти оҳану бетонӣ, ҳамчунин чидани хишти деворҳо ба анҷом расидааст.
Сохтмони бинои 9-ошёнаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба маблағи умумии зиёда 60 миллион сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ босуръат идома дорад.
Бунёди бинои нави муассисаи таълимии МТМУ-и №8 соли 2019 оғози шуда, барои сохтани он ҳукумати кишвар 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Бинои нав барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳр бунёди бинои иловагии дуошёнаи кўдакистони №1 барои 200 нафар идома дошта, шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ маблағгузори он аст.
Бунёди майдончаҳои варзишӣ бо маблағгузории ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дирексияи сохтмони асосии вилоят дар маҳаллаҳои Тирчид ва Хуфак аз моҳи майи солӣ ҷорӣ оғоз шудааст. То 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 18 адад майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар Бозори 20-солагии Истиқлолият бунёди як катор иншооти хусусӣ, аз қабили маркази савдо, ошхонаи миллӣ, мағозаҳои яклухтфурӯшӣ ва ғайра давом дорад.
Бо икдоми Ҳукумати ҶТ аз соли 2017 бунёди ду бинои 12-ошёна дар шаҳраки Шириншоҳ Шоҳтемур идома ёфта, то соли 2018 барои бунёди онҳо 7,5 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар соли 2019 ба иншооти мазкур 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Бинои коллеҷи тиббӣ дар маҳаллаи Хоруғи Боло воқеъ буда, ҳоло зиёда аз 60 дарсади корҳои сохтмонӣ дар он ба итмом расидааст. Мувофиқи лоиҳа, он аз 5 ошёна иборат буда, фарогири шароити зарурии таълим барои 240 донишҷӯ ва дорои хобгоҳ барои 100 нафар хоҳад буд. Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ аз бинои таълимӣ, толори маҷлис, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, барои дарсҳои таҷрибавию амалӣ ва дигар утоқҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Ин муассисаи муосири тиббӣ бо харҷи 13 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ сохта мешавад.
Мавод дар доираи барномаи «Рӯзноманигорони мардумӣ» омода шудааст, ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна – CAMP амалӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.