spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна фаъолият дорад?

Нисфирӯзӣ дохили дафтари Радиои Озодӣ ғайримаъмул орому сокит аст. Қисми зиёди компютерҳо хомӯш ва қисмати дигар дар “ҳолати интизорӣ” қарор доранд. Корбарони онҳо – хабарнигорони Радиои Озодӣ шаш моҳ инҷониб бо ҳар далел аз иҷозатномаи кор маҳруманд.

“Ҳамагӣ 6 хабарнигори Радиои Озодӣ бе аккредитатсия ва ё дар интизори он ҳастанд, – мегӯяд Мирзонабии Холиқзод, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе. – Дар нишасти охир Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷидини Муҳриддин гуфтанд, ки “Мо ба Радиои Озодӣ ҳеҷ душманӣ надорем ва муносибати мо нек аст”. Вале да бораи шаш хабарнигори мо бо ин маъно ишора карда, гуфтанд, ки “Ба онҳо аккредитатсия дода намешавад ва онҳо метавонанд дар расонаҳои маҳаллӣ кори худро идома диҳанд”. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Радиои Озодӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон музокира пеш бурда истодаанд. Мо умедвор ҳастем, ки шояд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҷдиди назар карда, як ҳаракати мусбат дар нисбати ҳамкорони мо зоҳир кунад”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин вазъи душвор ба руҳияи кормандони радио таъсир нагузоштааст. Онҳо чун пештара фаъолияти худро анҷом медиҳанд. Аммо набудани шуморе аз хабарнигорон боиси коҳиши теъдоди гузоришҳо шудааст.

“Набудани онҳо ҳатман эҳсос мешавад, – мегӯяд Холиқзод. – Бубинед, ки дар вилояти Хатлон як хабарнигори мо бинобар надоштани аккредитатсия фаъол нест, дар вилояти Суғд ҳамчунин. Ҳодисаҳое, ки дар минтақаи Бобоҷон Ғафуров ва Исфараи вилояти Суғд рух дода буд, хабарнигори мо он ҷо ҳузур надошт, зеро аккредитатсия надошт. Ва расонаҳои Қирғизистон ин ҳодисаҳаро ҳар гунае, ки мехостанд, интишор медоданд. Мо дастрасӣ надоштем ва ин барои хонандаҳо, шунавандаҳо, бинандаҳои мо як каме норасоӣ пеш оварда буд”.

Идораи Радиои Озоӣ чандин бор ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардааст. Барои мулоқоти хусусӣ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай омада буд, аммо вобаста ба бозхонд ва надодани аккредитатсияи хабарнигорон ҳеҷ шарҳе ба даст наоварда буд.

Нигаронии худро вобаста ба ин ҳолат созмонҳои дохилӣ ва байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон изҳор доштанд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки “ин шеваро барои маҳдуд сохтани озодии баён истифода накунад”.

– Мавҷудияти расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон як шакли дастрасӣ ба иттилооти алтернативӣ мебошад, ки мардум натанҳо аз расонаҳои худӣ, балки хориҷӣ низ маълумот гирифта метавонанд, – иброз дошт Шаҳло Акобирова, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Ҳоло дар дафтари душанбегии Радиои Озодӣ 14 нафар кор мекунанд. Аз 1-уми ноябр муҳлати фаъолияти боз 9 корманди он ба итмом мерасад. Муҳлати аккредитатси кормандони боқимонда пас аз ним сол анҷом меёбад. Вазъи минбаъдаи ин расона дар Тоҷикистон айни ҳол норавшан аст. Ба андешаи таҳлилгарон, эҳтимол ба ин тариқ ҳукуматдорон мехоҳанд ба сиёсати иттилоотии радио таъсир гузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...