Садои дутору сурудҳои гоҳе бо алам ва гоҳе шӯхиомези Бобоҷон Холов барои раҳгузарони ҷодаву хиёбонҳои Душанбе ошност. Ӯ қариб ҳар рӯз дар кӯчаҳои пойтахт, ба гуфтаи худаш, “дарди дил тоза мекунад”.
“Ман барои мардум навохтаву месароям, ки битавонам дарди онҳоро то ҷое сабук кунам”, – мегӯяд Бобоҷон.
Завқи сурудхонӣ аз хурдӣ дар қалбаш ҷӯш мезад. Ӯ орзуи овозхони касбӣ шудан дошт, вале мусибат ва ноомади кору зиндагӣ ӯро ба хиёбон кашид.
“Шавқи сурудхонӣ аз замони кӯдакиям буд, аммо баъд аз 50-солагӣ дигар хиёбонӣ шудам. Думбуранавозӣ бароям касби меросист. Падари ман Гуруғлисаро буд… Дасту панҷаам шикасту ҷарроҳӣ шудам. Дигар қуввати кор кардан надоштам ва ба даст думбура гирифтам”, – иброз дошт ӯ.
Бо вуҷуди мушкилот Бобоҷон ба зиндагӣ, ба мардуми атроф ва ба оянда назари нек дорад. Шукри оромиву орзуи шукуфоии Тоҷикистон мекунад. Баъд аз пайдо шудани навори сурудҳои шӯхи ӯ дар фазои маҷозии Интернет шумори ҳаводоронаш бамаротиб бештар шуд ва то ҷойе шаҳди ситора буданро ҳам чашид.
“Таронаҳои шӯх, ки мехонам, ғариббачаҳо зиёд ҳурмат мекунанд. Суроғ карда, меоянд. Мегӯянд, ки шӯхиёнаҳои шуморо ёд мекунем”, – афзуд Бобоҷон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.