Бар асари таркиш дар маркази шаҳри Бишкек 13 нафар осеб дида, як зани корманди қаҳвахона ҳалок шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Sputnik Кыргызстан, дар буриши хиёбонҳои Чуй ва Эркиндик чанд таркиш ба амал омада, дар нуқтаи фурӯши хӯроки тезтайёр (фастфуд)-и “Антошка” сӯхтор сар задааст.
“Тахминан соати 13:38 таркиши аввал ва баъд аз чанде боз ду таркиш рух дод. Дар ҷойи ҳодиса кормандони милитсия машғули коранд. Дар нуқтаи фурӯши “Антошка” сӯхтор ба амал омада, алангаи оташ ба қаҳвахонаи паҳлӯи он гузашт”, – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, 24.kg бо истинод ба маркази матбути Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ҳангоми таркиш дар нуқтаи фурӯши ғизои тезтайёри “Антошка” 13 нафар осеб дида, як коргарзани қаҳвахона фавтидааст.
“Се нафар осебдидагон ба Беморхонаи кӯдаконаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр мунтақил ва баъд аз муоина ҷавоб дода шуданд. Боз нуҳ каси дигар ба дармонгоҳ бурда шуданд”, – менависад 24.kg.
Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, сабаби таркишҳо дар нуқтаи фурӯши “Антошка”, тибқи маълумоти пешакӣ, носозии баллонҳои газ буда, ду таркиш дар фосилаи 10 дақиқа ба амал омадааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.