Қарори дахлдори раиси пойтахт ба хотири ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба корбарони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯйи технологияи Wi-Fi қабул шудааст.
Мувофиқи ин қарор, баҳри таъмини шаффофият ва амнияти технологияҳои иттилоотӣ, рафти иҷрои Тартиби мазкур ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и шаҳрдорӣ вогузор мешавад.
Минбаъд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба муштариён аз рӯйи технологияҳои Wi-Fi хизматрасониҳои интернетиро пешниҳод мекунанд, пас аз пешниҳоди ариза ва маълумоти дахлдор бояд дар корхонаи мазкур ба қайд гирифта шаванд.
Пас аз бақайдгирӣ онҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳар семоҳа дар бораи фаъолияти худ ба шаҳрдорӣ ҳисобот диҳанд.
Қобили зикр аст, ки имсол қариб дар ҳамаи боғҳои Душанбе Wi-Fi фаъол карда шуд. Дар ин бора гузориши моро тамошо кунед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.