Сарояндаи шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин, ки айни ҳол дар Канада иқомат дорад, тарона ва намоҳанги нави худро бо номи “Намеша – 2” нашр кард.
Намоҳанги ҷадид идомаи суруди “Намеша” буда, онро дар як шабонарӯз қариб 160 ҳазор корбари YouTube тамошо кардаанд.
Сароянда тайи 2 соли охир дар кишвари Канада зиндагӣ дорад. Ӯ чанд моҳ қабл дар саҳифаи Facebook-и худ чунин навишта буд:
“Одамҳои содаро дӯст дорам, ҳамонҳое, ки бадии ҳеҷ касро қабул надоранд, ҳамонҳое, ки барои ҳама лабханд доранд, ҳамонҳое, ки бӯи ноби одамият медиҳанд…
Кумакам накунед!
Вале озор ҳам надиҳед!
Маро бад мебинеду нақш бозӣ накунед, ки гуё дӯстам медоред!
Маро хушбахт накунед!
Вале хушбахтиамро ҳам нагиред!
Кӯч бастани парандаҳо ба ман омӯхт вақте фазои робита сард аст, бояд рафт…”
Намоҳанги аввали “Намеша”-ро қариб 11 миллион бор тамошо кардаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.