Раисҷумҳур имрӯз, 22-юми ноябр дар шаҳри Душанбе 3 иншооти нави мутааллиқ ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба истифода дод.
Бино ба иттилооти хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, ӯ бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ифтитоҳ кард.
Иншооти навбунёд дорои утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимист. Дар дохили бино мутобиқ ба талаботи муосир ва меъёрҳои хизматӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, қисми навбатдории даста бо дастгоҳҳои муосири мухобиротиву хатҳои махсуси алоқа таъмин мебошад. Утоқҳои кормандон бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои корӣ таъмин аст. Барои навбатдории шабонарӯзӣ утоқҳои алоҳида пешбинӣ гардидааст.
Бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синфхонаҳои алоҳидаи таълимӣ буда, он ба аёниятҳои зарурии соҳавӣ, ки барои бозомӯзӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин мебошад. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар дохили иншооти мазкур хобгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфта, бо катҳои бароҳату замонавӣ, рахти хоб ва мизу курсӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин ду ошхона бо шароити муосир сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард. Хизматчиён дар ин ошхонаҳо бо хӯроки гарму серғизо таъмин буда, дар анборҳои нигоҳдории молу маҳсулоти Дастаи махсуси зудамал ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин дар анборҳо сару либос ва дигар муҳимот мувофиқ ба оинномаи хизматӣ захира шудааст.
Ба ҷуз ин, майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил шудааст. Бино дорои як майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он ҳамзамон бо гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, имкони бо машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.
Раисҷумҳур ба Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил 4 адад нақлиёти корӣ тақдим кардааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи ВКД бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯиро мавриди истифода қарор дод.
Он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис дорад.
Минбаъд дар кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористию таъмини бехатарии ҷамъиятӣ 20 нафар олимону профессорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Дар ноҳияи Синои пойтахт раисҷумҳур корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД-ро ифтитоҳ кард.
Бинои нав бо назардошти таъмин кардани кормандони ВКД бо либоси низомӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст.
Дар ошёнаи якум, сеюм ва чоруми бино коргоҳҳои дӯзандагӣ ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои кории маъмурият ва маҷлисгоҳ сохта шудааст. Ин корхона аз 15-уми апрели соли 2018 дар заминаи Раёсат ҳамчун сехи дӯзандагӣ ташкил карда шуда, дар он либоси низомӣ дӯхта мешуд.
Сехи дӯзандагӣ дар оғоз 7 мошинаи дӯзандагӣ дошт ва 6 нафар занону духтарон ба кор ҷалб гардида буданд. Тавре масъулон иттилоъ доданд, сехи дӯзандагӣ бо чунин шумораи коргарону дастгоҳҳои дӯзандагӣ наметавонист кормандонро бо либоси низомӣ пурра таъмин кунад.
Айнӣ замон корхонаи дӯзандагӣ дорои 250 мошинаи нави дӯзандагӣ буда, наздики 300 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Сарвари давлат ҷиҳати дӯхти либоси босифати низомӣ, пурра таъмин кардани кормандон аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД мутахассисон дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.