Дар доираи нақша-чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (мавзеи маҷмааи “Наврӯзгоҳ”) ҳашари дарахтшинонӣ доир гардид.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, дар ҳошияи азнавсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ тибқи нақша дар масоҳати 18 ҳазору 836 метри мураббаъ корҳои дарахтшинонию кабудизоркунӣ гузаронида шуда, аз ҷумла, 1363 бех дарахтони сирени ҳиндӣ, сливаи писардӣ ва клион шинонда шуданд.
“Дарахту буттаҳои аз хориҷи кишвар воридшуда ба иқлими шаҳри Душанбе мутобиқ буда, дар баробари зебову дилкаш буданашон, ба саломатии инсон ва тозагии муҳити экологии атроф низ таъсири мусбат мегузоранд”, – омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, раиси шаҳр ба масъулин бобати риояи қоидаҳои зарурӣ ҳангоми интиқоли дарахту буттаҳо то ба кишвар, инчунин шинондан ва парвариши минбаъдаи онҳо дастур додааст.
Зикр мешавад, ки давоми ҳафтаи ҷорӣ дар ду самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ наздики 400 бех дарахти шоҳбулут (дуб) шинонда шуд, ки парвариши минбаъдаи он зери назорат қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.