Суханронии сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло ба муносибати Рӯзи Миллии Давлати Қатар, 11-уми декабри соли 2019.
«Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон! Муҳтарам чаноби Неъматулло Хикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон! Хонумҳо ва ҷанобон! Меҳмонони гиромӣ!
Шуморо бо дуруду паёми Ислом шодбош мегӯям ва дуруди Ислом сулҳ аст: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Дар оғоз ба ҳамаи ҳозирин ба хотири ташриф овардан ва худро дар шодии идонаи мо ба муносибати Рӯзи миллӣ шарик сохтан изҳори сипос менамоям. Инчунин ташаккур аз ҳамаи онҳое, ки дар масири пешрафту тамаддун моро ҳамроҳӣ менамоянд. Аз Худованд таманнои онро дорам, ки рӯзгори мову шуморо саршор аз шодиву фараҳ ва моломол аз дастовардҳо гардонад.
Ҳамчунин мехоҳам изҳори сипос ба ҳукумат, роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҳамешагӣ ва кумакҳояш дар ростои адои вазифаамон ҳамчун сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон изҳори сипос намоям.
Соли 2019 дар муносибатҳои дуҷонибаи Қатар ва Точикистон марҳилаи муҳим аст, зеро 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар таҷлил мешавад. Бо истифода аз ин фурсат аз беҳбуди муносибатҳои бародарона ва ҳамкориҳо байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири якчанд боздидҳои расмӣ мебошанд, истиқбол менамоям. Муҳимтарини онҳо ташрифи Аълоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои иштирок дар Ҳамоиши панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки моҳи июни соли равон баргузор шуд. Дар ҷараёни ин боздид бар иловаи баррасии робитаҳои дуҷониба ва роҳҳои пешбурди он, созишнома миёни ҳукумати Давлати Қатар ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими шуғли аҳолӣ, инчунин тафоҳумнома байни ду кишвар дар соҳаи прокуратура ба имзо расиданд.
Рӯзи миллии Давлати Қатарро дар ҳоле ҷашн мегирем, ки аз рушду шукуфоӣ ва дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ таҳти роҳбарии Аълоҳазрат Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Амири Давлати Қатар ифтихор дорем.
Солгарди рӯзи миллӣ як марҳилаи муҳим ва як даричаест барои назар андохтан ба баъзе аз дастовардҳои фаровони Давлати Қатар, ки дар тамоми қаламрави он сол то сол дар ҳоли афзоиш аст. Муҳимтарини ин дастовардҳо баргузории 17-умин бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар зӯрозмоӣ дар соли 2019 бо мизбонии Қатар мебошад, ки дар варзишгоҳи байнулмилалии Халифа (воқеъ дар шаҳри Давҳа) баргузор шуд. Давоми даҳ рӯз тақрибан 2000 варзишгар аз 209 кишвари ҷаҳон дар 49 мусобиқаи варзишӣ рақобат карданд. Давлати Қатар тамоми иштирокчиёни ин чорабиниро бо хидматрасониҳои сатҳи баланди худ, аз ҷумла, варзишгоҳҳо, маросимҳои ифтитоҳ ва анҷоми ин чорабинӣ шигифтзада кард.
Дастоварди муҳимми дигар баранда шудани Давлати Қатар дар мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2022 мебошад. Бешак, ин пирӯзӣ аз мо ҷаҳду талоши зиёди пай дар пайро талаб мекунад, то ба натиҷаҳои дилхоҳ расида тавонем.
Бо итминон метавонам бигӯям, ки мо ҷаҳониёнро дар омодагӣ, созмондиҳӣ, хидматрасонӣ ва амалишавии ин ҷашнвора шигифтзада хоҳем кард. Ин дастовард боиси ифтихор барои тамоми кишварҳои арабию исломӣ хоҳад буд.
Вале бузургтарин дастоварде, ки барои Давлати Қатар хеле муҳим аст, гузоштани нақшаи дарозмуҳлате бо номи "Дурнамои миллии Давлати Қатар – 2030" мебошад. Ҳадафи асосии ин дурнамо то соли 2030 табдил додани Давлати Қатар ба як кишвари пешрафта ва мутараққӣ мебошад, ки қобилияти рушди устувор ва таъмини зиндагии осоишта барои мардумонашро дар солҳои оянда дошта бошад. Ин дурнамо бар чаҳор унсури асосӣ такя мекунад:
– Рушди тавонмандиҳои башарӣ;
– Рушди иҷтимоӣ;
– Рушди иқтисодӣ;
– Рушди муҳити зист.
Қатар имрӯз бар он чӣ дар давру бараш дар ҷаҳон мегузарад, бетафовут нест, балки як узви фаъоли маҳофил ва форумҳои байнулмилалӣ буда, ба таври мусбат дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони араб, олами ислом ва ҷомеаи байнулмилалӣ саҳмгузор аст.
Талошҳои Қатар дар заминаи мубориза бо терроризм инкорнашаванда аст. Чунончи Қатар дар тамоми талошҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ки терроризмро ҳадаф қарор медоданд, саҳми босазое дорад. Ахиран Давлати Қатар бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои барпо намудани Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” ширкат намуд. Ҳамчунин Давлати Қатар дар ҳамкорӣ бо ВКД ҶТ барои бунёди “Маркази мубориза бо терроризм” кумак расонид. Агарчи кишварҳои атрофи Қатар дурӯғпардозӣ мекунанд, ки Қатар терроризмро ҳимоят ва кумаки молӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, ҳеҷ чиз Қатарро аз саъйу талошҳояш дар амалигардонии барномаҳояш боздошта наметавонад. Барномаҳо дар соҳаи рушди сиёсатҳои дохилию хориҷӣ ва робитаҳои ҳамкорӣ, ки онро бо дигар кишварҳои дӯсту ҳамсоя мепайвандад, татбиқ хоҳанд шуд.
Имрӯз мо ҷашни Рӯзи Миллии Давлати Қатарро таҷлил мекунем. Чунончи иттилоъ доред, 3 сол аст, ки Давлати Қатар мавриди таҳримҳои золимона аз тарафи ҳамсоягон қарор гирифтааст. Ватани азизам – Қатар дар бархӯрд бо ин таҳримҳои ноодилона сиёсати хештандорӣ ва миёнаравиро бо таваҷҷуҳ ба гуфтугӯ дар ҳалли буҳронҳо пеш гирифтааст. Ин сиёсат ба хотири эҳтироми арзишҳо ва урфу одатҳои миллии худ мебошад, то равобити бародарӣ байни мардумони ҳавзаи Халиҷ барқарор бимонад. Дар натиҷаи ин сиёсатҳо Давлати Қатар бо ин рафтораш сазовори эҳтиром ва таҳсини ҷаҳониён шуд.
Бо вуҷуди таҳримҳои таҳмилшуда бар мо, Давлати Қатар дар тамоми маҳфилҳои байнулмилалӣ такрор ба такрор эълом медорад, ки агар мушкилоте вуҷуд дорад, роҳи ягонаи ҳалли он нишастан атрофи мизи музокира бе рахна ба шаъну шарафи Давлати Қатар ва роҳбарияти олии он мебошад. Зеро шаъну шарафи он ва роҳбарияти олии он аз тамоми эътиборҳо боло меистад. Дар ин масъала аксари кишварҳои ҷаҳон давлати Қатарро дастгирӣ карданд.
Чунонки Худованд (ҷ) дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Басо чизеро хуш надошта бошед, ҳол он ки некии шумо дар он аст ва ё чизеро дӯст дошта бошед, ҳол он ки бадии шумо дар он аст ва Худо медонаду шумо намедонед”. Дар масали арабӣ низ омадааст: “Бошад, ки бадие нек гардад”. Давлатҳои чаҳоргона мехостанд бо ин таҳримҳои ноодилона ба обрӯ, ҳайсият ва иқтисоди Давлати Қатар зарба зананд. Вале давлату ҳукумату мардуми Қатар аз ин таҳримҳо ба нафъи худ истифода карданд ва боиси он шуд, ки мардум бо иззату каромат, нерӯ ва ахлоқи воло бо шиори “Мо ҳама Қатарем, мо ҳама Тамимем” дар паҳлӯи ҳукумату роҳбарияти худ биистанд.
Вобаста ба ин мехоҳам ҳамаи он давлатҳо, муассисаҳо ва ашхосеро, ки бо мо буданду дар ин сахтӣ ҳимоятамон карданд, дуруд бигӯям. Воқеан, ин таҳримҳо ба мо дарси эътимод ба худ ва ҳамкорӣ бо дӯстони бовафоро омӯзонд.
Мо саъй меварзем, ки муносибатҳои Қатар ва Тоҷикистон дар сатҳи муътадил ва муттасил ҷараён гиранд ва дар тамоми соҳаҳое, ки мақоми ин ду кишвари дӯстро баланд мебардорад, ҳамкорӣ намоем».