Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки гумонбаршудаи қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко муайян карда шудааст, вале бо дарназардошти идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои номи ӯ худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин шахс то ҳол ба ҳабс гирифта нашудааст ва тафтишоти қазия ҳанӯз давом дорад. «Ман чун додситони кулли ҷумҳурӣ қотеъона мегӯям, ки дер ё зуд содиркунандагони ин ҷиноят ба курсии айбдорӣ хоҳанд нишаст», – гуфт додситони кулл.
Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ
ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд. Дар ҳамин ҳол, М.Аҳмадов то ҳол дар мансаби пешинаи худ ифои вазифа менамояд ва худро гунаҳкор намедонад. «Бояд шахсе муттаҳам карда шавад, ки он «сафари шум»-ро барои О.Захарченко фармоиш дода буд», – изҳор дошт дар яке аз мусоҳибаҳояш ба ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов.