Пур кардани суратҳисоби кортҳои низоми миллии пардохтии "Корти Миллӣ"-и ҳама бонкҳо ва кортҳои низомҳои байналмилалии UnionPay ва VISA-и Спитамен Бонк, бе ҳаққи хизмат, аз кортҳои низомҳои пардохтии VISA, MasterCard ва МИР (Федератсияи Россия) имконпазир шуд.
Акнун барои пур кардани корти хешовандони дар Тоҷикистон буда, барномаҳои мухталифро сабт кардан, номнавис шудан ва ҳатто аз хона баромадан ҳам лозим намешавад. Барои иҷрои ин амал дорандаи корти VISA, Master Card ё Мир (Федератсияи Русия) будан ва дастрасӣ доштан ба шабакаи Интернет кофист.
Интиқоли пулро аз ҳама кортҳои Русия ба кортҳои Тоҷикистон (P2P) дар бахши "Интиқол ба корт" (Перевод на карты) дар сомонаҳои бонкҳои шарик: БКФ (Бонки Маблағгузории Корпоративӣ) – https://www.cfb.ru/payments/, БКС Банк (Бонки сармоягузорӣ) – https://bcs-bank.com/payments, МС Банк Рус (Митсубиши банк – автоқарздиҳӣ) – https://www.mcbankrus.ru/mitsubishi-motors-finance/payments/ ва Веббанкир (яке аз ТҚХ калон дар ФР) – https://new.webbankir.com/lk/services/pay_online амалӣ кардан мумкин аст.
Ҳаққи хизмат барои интиқол ситонида намешавад. Интиқол бо рубли русӣ ва пас аз мубодилаи минбаъда ба суратҳисоб бо асъори миллӣ (сомонӣ) дар вақти воқеӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи максималии якбора интиқолшаванда 15 000 рубли русиро ташкил дода, нисбат ба шумораи амалиётҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Спитамен Бонк лоиҳаҳои интиқоли маблағҳои пулӣ ба кортҳои "Корти Миллӣ"-ро тавассути терминалҳо ва ҳамёнҳо QIWI, аз марказҳои хизматрасонии Мегафон ва Связной ва инчунин тариқи барномаи Сбербанк Онлайн татбиқ карда буд.