Бозори “Ҷал-Ҷам”-и пойтахт, ки барои фурӯши масолеҳи сохтмон пешбинӣ шудааст, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо тоҷирони бозор суҳбат ороста, назари онҳоро дар ин бора пурсид.
Аксари соҳибкорон ба кӯчидан розиянд. Онҳо аз васеъ будани ҷойи фурӯш дар бозори муҷтамаъи нави савдои “Кӯшониён”, ки барои нигаҳдории масолеҳ биноҳои ҷудогонаи махсус дорад ва ҳамчунин се моҳи озод будан аз иҷоратпулӣ то моҳи апрели соли 2020 қаноатманданд. Ғайр аз ин, ба онҳо ваъда додаанд, ки аз моҳи апрел низ маблағи иҷорапулиро на он қадр баланд муқаррар мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.