Овозхони ҷавон Чоршанбе Аловатов, ки 22-юми декабр ғолиби озмуни Central Asia's Got Talent гардида буд, аз ҳисоби ҷоизаи 25,5 ҳазор долларии худ ба ҷарроҳии як духтари нобино кумак мерасонад. Ӯ дар ин бора зимни мусоҳибаи Радиои “Азия-Плюс” 107FM изҳор дошт.
“Ман аллакай медонам, ки ҳамин маблағро ба чӣ сарф кунам. Пеш аз ба он ҷо рафтан бовар надоштам, ки ғолиб мешавам. Ман як-ду шиносе дорам, ки ба ёрӣ ниёз доранд. Дар як ҷо бахшида ба Рӯзи маъюбон суруд хондам. Дар ин чорабинӣ як духтар ҳам суруди зебо хонд, ки чашмонаш намебинанд. Ба ман гуфтанд, ки барои ҷарроҳии ин духтар маблағ лозим аст. Дар дилам гуфтам, ки агар дар озмун ғолиб шавам, ба ин духтар ҳатман кумак мерасонам. Инро мумкин Худои Таъоло шунид, ки пирӯзӣ насиби ман шуд”, – гуфт Чоршанбе Аловатов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.