Камераи мушоҳидаи видеоӣ, ки дар болои боми бино каме дуртар аз деҳаи Бидкон (наздикии шаҳри Теҳрон) насб шудааст, эҳтимол ба ҳавопаймои украинӣ дар Эрон 8-уми январ бархӯрдани ду мушакро сабт кардааст. Видео дар торнамои The New York Times (NYT) нашр шудааст.
Дар навор дида мешавад, ки нахуст як мушак ва тақрибан баъд аз 30 сония мушаки дуюм ба сӯйи ҳавопаймо партоб мешавад. Ҳеҷ кадоме аз мушакҳо дарҳол ҳавопайморо сарнагун намекунад. Дар видео дида мешавад, ки пас аз бархӯрдани мушаки дуюм ҳавопаймо боз қариб 1 дақиқа дар фазо парвоз карда, сипас оташ мегирад ва босуръат ба замин меафтад.
Нашрия қайд мекунад, ки сабт рӯзи 14-уми январ дар YouTube пайдо шуд. NYT дақиқ мекунад, ки ба видеохостинг онро корбаре аз Эрон гузоштааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои Boeing 737-800 рӯзи 8-уми январ пас аз парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон дучори садама шуд. Бар асари он ҳамаи ҳайати сарнишинону мусофирони ҳавопаймо – 176 нафар ҳалок шуданд.
Эрон нахуст ба замин афтодани ҳавопайморо нуқси техникӣ маънидод кард, аммо баъдан эътироф намуд, ҳавопаймо иштибоҳан аз ҷониби оператори низоми зиддиҳавоӣ, ки онро мушаки болдор пиндоштааст, сарнагун карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.