spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати тандурустӣ хостори маҳдудсозии сафар ба Чин аст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдор бо ирсоли мактуби расмӣ аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ дархост кардааст, ки то муътадил шудани вазъият сафарҳои корӣ ва сайёҳиву тиҷории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии мардумии Чин маҳдуд кунанд. Дар ин бора имрӯз, 21-уми январ муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита Вазорати тандурустӣ аз сохторҳои мазкур ҳамчунин дархост кардааст, шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, тамоми маълумот дар бораашон сабт карда шуда, онҳоро аз муоинаи тиббӣ гузаронанд ва таҳти назорат қарор диҳанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Мо ҳоло танҳо дар пайи ҳимояи саломатии шаҳрвандони худамон ҳастем, ки то ба эътидол омадани вазъият аз сафар худдорӣ бикунанд. Ҳаққи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони дигар кишварҳоро надорем. Аз мақомоти марбута хоҳиш кардем, нафароне, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишвари мо сафар мекунанд, ном ва мавзеъи будубоши онҳоро ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод кунанд. Мақсад танҳо таҳти назорат гирифтани ин афрод мебошад, чунки барои муайянсозии беморӣ давраи ниҳоӣ аз 2 то 3 шабонарӯз мебошад. Ин шаҳрвандон тӯли як ҳафта зери назорати табибон қарор мегиранд ва дар ҳолати пайдо нашудани аломати беморӣ, ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида мешаванд”, – изҳор дошт Камолзода.

Вай афзуд, ки вазъият дар кишвар ором мебошад ва корҳои профилактикӣ дар тамоми идораву сохторҳои марбута роҳандозӣ шуда, системаи омодабошӣ фаъолият дорад ва ҷиҳати пешгирии беморӣ чораҳо андешида мешаванд.

“Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҳавоии Тоҷикистон нуқтаҳои санитарии карантинӣ мавҷуданд. Танҳо дар ҳолати бонги хатар аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин нуқтаҳо фаълияти худро пурзӯр карда, шабонарӯзи фаъолият мекунанд. Дар фурудгоҳҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ таҳҷизотҳои зарурӣ аз қабили  тепловизор ва теплосканер насб карда шудаанд, ки ҳар як мусофири аз Чин меомада тавассути онҳо аз назар гузаронида мешаванд”, – гуфт муовини вазири тандурустии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирҳамуддин Камолзода

Ёдовар мешавем, дар Чин аллакай садҳо нафар гирифтори вируси номаълуме шудаанд, ки боиси илтиҳоби шуш мегардад. Хуруҷи ин беморӣ дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта мушоҳида шудааст. Ташхиси гирифторон муайян кардааст, ки ангезандаи он коронавирус буда, сабабгори бемории роҳҳои нафас, меъдаю рӯда ва асабҳо мешавад. То 20-уми январ аллакай садҳо нафар дар Чин гирифтори ин беморӣ шуда, 4 кас фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...