Дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 22-юми январ баргузор шуд, номзадии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ моҳи апрели соли 2017 вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуда, собиқ раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоевро, ки ихтиёрӣ аз курсии вакилӣ даст кашида буд, иваз кард.
Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи он замон дар ҳавзаи интихоботии №25 баргузоршуда, Рустами Эмомалӣ 84,81% овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда буд.
Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интхобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯйхатҳои 7 ҳизби сиёсии кишварро, ки намояндагони худро аз ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кардаанд, тасдиқ кард.
Аз ҳама бештар номзадҳо аз ҲХДТ – 28 нафар тасдиқ шудаанд. Аз Ҳизби аграрӣ – 13 номзад, Ҳизби демократӣ – 4, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 7, Ҳизби коммунист – 6, Ҳизби сотсиалистӣ – 8 ва Ҳизби сотсиал-демократӣ – 8 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон интихоб мешаванд.
Маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии парлумон то 9-уми феврал идома меёбад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.