Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзодаро аз вазифа озод кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, инчунин Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги ҶТ таъин шуданд.
Неъматулло Ҳикматуллозода, ки аз соли 2015 вазир буд, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин шудааст.
Завқӣ Завқизода аз соли 2017 муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон буд.
Ба ҷойи ӯ Ашурбой Солеҳзода муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ таъин шуд. Номбурда қаблан дар вазифаи ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ фаъолият дошт.
Шамсиддин Орумбекзода аз соли 2013 вазири фарҳанг буд ва бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.
Вазири нави фарҳанг Зулфия Давлатзода қаблан муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.