spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Рӯзноманигор Далер Шарифов бо қарори суди ноҳияи И.Сомонӣ 2 моҳ ҳабс шуд

Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов ба муҳлати 2 моҳ дар боздоштгоҳи тафтишотии КДАМ ҶТ нигаҳдорӣ мешавад.

Нисбат ба ӯ аз рӯйи моддаи 189 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба ӯ ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад.

Дар ин моддаи КҶ ҶТ омадааст: “Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма анҷом дода шуда бошад”.

Падари Далер – Абдуманнон Шарифов пас аз мурофиаи додгоҳӣ ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт: “Фарзанди ман бо ягон гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иртибот надошт ва дар ягонтояш иштирок намекард. Вай журналисти мустақили озод буд”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдовар мешавем, Далер Шарифовро 28-уми январ кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват карданд. Ӯ дирӯз барои идомаи бозпурсӣ ба бинои марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Барои дифоъи ҳуқуқи ин рӯзноманигори тоҷик Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон 2 ҳимоятгар таъмин кардааст – Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева. Ташкилоти ҷамъиятии мазкур узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Далер Шарифов собиқ муаллиф ва ровии намоиши “Муошират” дар телевизиони “Сафина” буд. Ӯ солҳои охир расман дар ягон ҷо кор намекард. Боздошти ӯ боиси нигаронии хешовандон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон шудааст.

Талаби риояи волоияти қонун

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
КДАМ адвокати Далер Шарифовро барои вохӯрӣ бо зерҳимояаш даъват кард

Имрӯз қабл аз мурофиаи додгоҳӣ Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон нисбат ба қазияи Далер Шарифов чунин изҳорот нашр кард:

“Мо муътақид ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳастем, азбаски мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифов пешниҳод накардааст.

Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди макоми вай – гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт.

Алъон чизи мушаххасе гуфта наметавонем, зеро дастрасӣ ба иттилоот дар робита ба қазияи Далер Шарифов надорем. Ҳамзамон аз мақомоти тафтишот боисрор талаб дорем, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад.

Мо қазияро ҳамаҷониба мавриди пайгирӣ қарор додем, дар сурати дастрас шудани маълумоти нав мавқеамонро боз ҳам мушаххас мегардонем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...