spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъиноти кадрӣ дар вазоратҳои маорифу иқтисод ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу сарҳадот

Имрӯз дар Қасри миллат раисумҳур Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тибқи фармонҳои президент, Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод ва ба ин вазифа Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, ки дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон фаъолият дошт, таъин гардид. Бо қарори Ҳукумати ҶТ Шоҳиён Абдусаттор муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи ҶТ пешниҳоди президент дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии ҶТ озод кардани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ва ба ин вазифа ҷиҳати додани ризоият номзадии Зоирзода Икром Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ манзур карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ муовини вазири мудофиа, муовинони вазорати маориф ва илм, роҳбарияти Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Данғара», «Панҷ», директор ва муовинони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, командирони қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, вобастаҳои ҳарбӣ дар назди як қатор сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, сардорони баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин шуданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (15)















Дар ҷараёни суҳбат сарвари давлат аз вазифагузориҳои дар Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, маориф ва илм, таъмини амнияту субот ёдовар гардида, кадрҳои таъиншударо барои содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ даъват кард. Ӯ дар назди масъулин барои иҷрои саривақтии дастуру нишондодҳои Паём вазифаҳои мушаххасу муҳлатнок гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ бори дигар таъкид кард, ки вазифаҳои хизматиашонро дар доираи Оинномаҳои ҳарбӣ иҷро намуда, дар ҳимояи сарҳади давлатӣ бо масъулияти ҷиддӣ ва дар ҷаҳорчӯбаи Қонун амал намоянд.

“Манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолият бояд вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бошад”, – иброз дошт раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...