Дар посух ба суоли “Оё иштирок дар маршировкаҳо ихтиёрист ё маҷбурӣ?” муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Мумкин иттилоъ нодуруст бошад, лекин бо вуҷуди он боварӣ дорам, қариб 90 фисади донишҷӯён хоҳиши иштирок доранд”.
Аммо, ба қавли ӯ, баъзан ҳолатҳое низ буданд, ки онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд: “Рӯзҳои аввали иштироки ҷавонон дар чорабиниҳо каму беш нофаҳмиҳо буд. Ба ман ҳам суол доданд, ки барои чӣ дар давлати бародарии Ӯзбекистон ё дигар кишварҳо ҳамин корҳо намешавад?”
Обидҷон Назариён яке аз масъулони баргузории “маршировкаҳо” дар Тоҷикистон аст ва зимни суханронияш аз он изҳори хушнудӣ кард, ки “дар ҳамин чорабиниҳо ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд ва оила барпо мекунанд”.
Ба қавли ӯ, дар ҷаласаи васеъи Вазорати маориф пешниҳод шудааст, ки донишҷӯён баъд аз дарс ба маршировка фаро гирифта шаванд.
“Бо вазири маориф ва ректорҳо дар ҷаласаи васеъ пешниҳод кардем, ки донишҷӯён ҳам таҳсили худро идома диҳанд ва ҳам дар чорабинӣ иштирок намоянд. Ягон монеагӣ набуд. Ҳамон 10 фоиз хоҳиши иштирок надоранд ва овоза мекунанд. Ман бо баъзеи онҳо суҳбат кардам ва аз ягон нафар сухани қабеҳ ё норозигӣ нисбат ба давлат, миллат ё чунин чорабинӣ нашунидам. Ман ба шумо гапи дурӯғ намезанам, бархеи онҳо мегӯянд: “устод, кай мешавад ҳамин чорабиниҳо, ки мо иштирок кунем?”, – афзуд Назариён.
Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки масъулони донишгоҳҳо вазифадор шудаанд, донишҷӯёнро маҷбуран ба маршировка ҷалб накунанд, чун иштирок дар ин чорабиниҳо ихтиёрист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.